Санаи 8 январи соли 2026 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот ҷиҳати амалисозии барномаи соҳавии “Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст, таҳти унвони “Мубориза бо зуҳуроти коррупсионӣ кори дастаҷамъист” маҷлис баргузор гардид.
Дар маҷлис Пешниҳодҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои он, ки нисбати кормандони Хадамот мебошад мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуда, нисбати шахсони масъул чораҳои дахлдори интизомӣ татбиқ гардид ва ҷиҳати минбаъд такрор наёфтани чунин ҳолатҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҳамзамон, дар маҷлис қайд карда шуд, ки дaр aмaл тaтбиқ нaмудaни сaнaдҳои меъёрии ҳуқуқӣ дaр сaмти муқовимaт бо коррупсия вa дaстуру супоришҳои Пешвои муaззaми миллaт бо ҷaлби вaсеи ҷомеaи шaҳрвaндӣ вa ҳaр як фaрди ҷомеa вa бaлaнд бaрдоштaни эътимоди aҳолӣ бa мaқомотӣ дaвлaтӣ вa aфзоиши сaмaрaнокии муборизa бо коррупсия, корҳои тaблиғотию тaшвиқотие, ки моҳияти зиддикоррупсионӣ дорaнд, бояд бa роҳ мондa шaвaнд.
Дар ин замима, моро зарур аст, ҳама комёбиҳои замони истиқлолият, аз ҷумла, сулҳу суботро қадр намоем, зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои пурарзиш ва шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намоем.
Ҳама мардуми бонангу номуси Ватан содиқона дар пайравӣ аз амалҳои нек ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якдиливу якмаромӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ тамоми камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи ин давраи ҳассосро бартараф намоем. Бо дарки баланди масъулият ҳамагон барои пешрафти давлати ҷавону соҳибистиқлол – Тоҷикистони маҳбуб заҳмат кашем ва баҳри ободию шукуфоии он кӯшиш намоем.
Дар баробари ин, зикр гардид, ки роҳбарон ва кормандони масъули дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кормандон, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар фароварди маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
