Санаи 12.01.2026 дар бинои маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби мутахасисони шуъбаи рақами ва таҳлилию иттилоотӣ бо шахсони масъули воҳидҳои сохтории Хадамот дар мавзӯи ба таври электронӣ додани иҷозатнома, тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд. Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамикунонии ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишвар мебошад.






