Ҳамдиёрони гиромӣ ва ҳамкасбони азиз!
Мо дар остонаи Соли нави мелодии 2026 қарор дорем. Соли навро ба ҳар яки Шумо сидқан муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, зиндагии пурнишот, фатҳу кушоиши тоза ва муваффақияту комёбиҳои беназирро орзу менамоям.
Соли 2025 зери таассуроти наҷибу нотакрор аз як қатор руйдодҳои таърихӣ, дастовардҳои бузург ва таҷлили санаҳои фархунда соли қабул ва амалигардии ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дониста шудааст, ки дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони маҳбуб сабт хоҳад шуд.
Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Музаффариятҳои фараҳбахш ва падидаҳои созандаи соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ноил шудан ба зиндагии шоиста аст, барои фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии Хадамот илҳоми тоза бахшида, бо иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардидем.
Боварии комил дорам, ки мо – халқи Тоҷикистон бо донишу заковати олӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, соли навро бо иҷрои рисолате, ки аз Паёми навбатии Сарвари кишвар бармеояд, оғоз намуда, дар такмилу рушди тамоми самтҳои комплекси нақлиётӣ бо сатри шукуфоиву созандагиву бунёдкориҳои тоза ибтидои нек хоҳем бахшид.
Бигзор, Соли нави 2026 ба Шумо саломатию иқболи нек, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони азизу маҳбубамон ваҳдати ҷовидона, пешрафти рӯзафзун ва хушнудиҳои бешумор орад.
Соли нави милодӣ муборак!
