Санаи 2 декабри соли 2025, соати 14:30 дар маҷлисгоҳи Хадамот Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷлиси муҳим ва ҳадафманд баргузор гардид.
Ин маҷлис бо иштироки фаъол ва роҳбарияти Хадамот, аз ҷумла сардорони Шуъба ва мудирони бахшҳо, ҳамчунин кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории он, ки масъулияти мустақими иҷрои вазифаҳои ҳаррӯза дар соҳаи назорат ва танзимро бар ӯҳда доранд, сурат гирифт.
Ҳадафи асосии ин маҷлис шарҳу тафсири муфассал ва ҳамаҷонибаи нусха аз Протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба масъалаҳои муҳими рушди соҳаи нақлиёт ва беҳтар кардани хизматрасониҳо дахл доштанд. Ба таври хос, сухан дар бораи нусха аз Протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025, №8, банди 2 ва зербандҳои 41–47 меравад, ки дар онҳо масъалаҳои марбут кӯшиш кардани кормандон барои пайдо кардани обрӯву эътибор дар ҷомеа, ки дар кор, рафтору гуфтор, муносибат бо одамон ва оиладорӣ одобу ахлоқи ҳамида, забони покиза ва маданияти баланди инсониро нишон диҳад ва намунаи ибрат бошанд, баррасӣ шудаанд.
Ҳамчунин, нусха аз Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2025, №11 банди 2 ва зербандҳои 55–58, ки ба масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани обрӯву эътибори давлат ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, ки тоҷикон аз қадим китобдор, давлатдор. шаҳрдору бунёдкор ва тамаддунофар буданд, содиқонаву софдилона заҳмат кашида, дар амал тоҷикияти худро исбот намоянд ва дар баробари давлату миллати бузурги тоҷик ба гирифтани калимаи кучак қатьиян роҳ надиҳанд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир намудааст.
Дар ҷараёни маҷлис, масъалаҳои дар нусхаҳои Протоколҳо дарҷгардида, мавриди шарҳу тафсири амиқ ва ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Иштирокчиён бо далелҳои мушаххас, мисолҳои амалӣ ва таҳлилҳои коршиносӣ масъалаҳоро баррасӣ карданд, то ҳар як банд ва зербандро барои кормандон равшан ва фаҳмо гардонанд. Дар натиҷа, қарорҳои дахлдор ва амалӣ, ки ҳадаф аз онҳо таъмини иҷрои саривақтӣ ва самарабахши супоришҳои ҳукуматӣ аст, қабул карда шуданд.
Ин маҷлис на танҳо ҳамчун платформаи муҳокима хидмат кард, балки ҳамчун омили муҳим барои баланд бардоштани сатҳи масъулият ва ҳамкории дастаҷамъона миёни кормандони Хадамот барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ дар соҳаи нақлиёт мусоидат намуд.
