Санаи 24 ноябри соли 2025 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Чорабинӣ бо хондани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандон ва меҳмонон ва бо намоиш дар бораи Парчами давлатӣ оғоз ёфта, сипас паёми табрикии сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбонро ёвари ӯ Мудинзода С.М. дар робита ба аҳамияти таърихии дирафши миллӣ, ки ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарӣ ва пойдорӣ барои ободии Ватани азизамон мебошад, қироат намуд.
Бо иқтибос аз гуфтаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки фармудаанд: “Парчами миллии мо таърихи бою рангини чандинҳазорсола дорад. Таърих собит намудааст, ки қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон яке аз аввалинҳо шуда, ойини парчамдориро ба вуҷуд овардаанд” зикр кард, ки ҷашни Парчами давлатӣ аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, бофарҳанг ва соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ месозад.
Дар идомаи суханронии худ ба кормандони Хадамот ва воҳидҳои сохтории он таъкид намуд: “зимни иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва суҳбат бо кормандони комплекси нақлиётӣ, бояд бо ғурур ва ҳувияти миллӣ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дарк намоем, ки зери парчами давлатӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунем. Ҳар лаҳзае, ки ба ифтихори пирӯзиҳои варзишгарони Тоҷикистон парчами давлатӣ баланд афрохта мешавад, мардуми кишвар ва тоҷикони берун аз он низ ифтихор мекунанд ва бо ҳисси меҳанпарастӣ рӯҳу илҳом мегиранд”.
Таъкид карда шуд, ки дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳар як тоҷик аст. “Парчами давлатӣ нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги тоҷикон мебошад”, – натиҷагирӣ намуд сардори Хадамот.
Дар рафти чорабинӣ меҳмонон ва кормандон бо суханони табрикотии худ дар васфи Парчами миллӣ баромад намуда, дар фароварди чорабинӣ ба аъзоёни нави ҲХДТ билетҳои узвиятро супоридаанд.



















