Ҳамватанон ва ҳамкасбони азиз!
Ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар сол 6 ноябр таҷлил мегардад, ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям. Ин рӯзи муҳим дар таърихи миллати мо ҳамчун рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории муосир маъруф аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст ва бо ислоҳоту иловаҳо дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 такмил ёфтааст, асоси ҳуқуқӣ барои бунёди ҷомеаи одилона, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, инчунин рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамон гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳимтарин санади давлатдорӣ ва арзишмандтарин дастоварди даврони Истиқлолияти давлатӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пояи суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти устувори Тоҷикистони навин гардид. Маҳз бо ташаббусу роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи амалкунанда бо 10 боб ва 100 моддаи худ ба сифати меъёри ягонаи ҳуқуқӣ қабул шуда, имрӯз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро таъмин менамояд.
Конститутсия ба мо кормандони соҳа имкон медиҳад, ки низоми муосири нақлиётӣ бунёд намуда, ба талаботҳои замони муосир ҷавобгӯ бошад. Мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки назорат ва танзим дар ин соҳа мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба манфиати мардум ва рушди иқтисодии кишвар хидмат намояд.
Бигзор ин рӯзи муборак ба ҳамаи мо нерӯи тоза бахшад, то барои ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.
Орзу дорам, ки сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафт ҳамеша ҳамроҳи мардуми мо бошад.
Бо эҳтиром,
Қурбонзода Далер Қурбон –
Сардори Хадамоти давлатии
назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт
