20-уми октябри соли равон дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт вобаста ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар байни кормандони соҳа ҷаласаи корӣ доӣр гашт, ки дар он роҳбарият ва кормандони Хадамот ва воҳидҳои сохтории Хадамот, Ҳакимзода В.С.- сардори Шуъбаи тафтишотии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар шахри Душанбе, полковники адлия, Нурзода Ҳ.Н.- муфаттиши Шуъбаи тафтишотии раёсати Агентӣ дар шахри Душанбе, капитани адлия ва Абдухолиқзода М.А.- нозири Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентй дар шаҳри Душанбе, капитани адлия иштирок ва суханронй намуданд.
Тавре дар ҷаласаи мазкур қайд гардид, дар ҳақиқат коррупсия аз зухуроти мурраккаби ҷамъиятӣ буда, он ба рушди минбаъдаи кишварҳои олам ва таъмини хуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон таъсири манфии худро мерасонад. Айни ҳол аз Созмони Миллали Муттаҳид cap карда, дар тамоми кишварҳои олам барои аз байн бурдани ин падидаи номатлуб чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар кишвари мо мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад мақомоти дахлдор таъсис дода шуда, хуҷҷатҳои муҳим оид ба мубориза бо коррупсия таҳия ва қабул карда шудааст. Дар ин самт саҳми Агентии назорати давлатии молиявй ва мубориза бо коррупсия бениҳоят назаррас буда, ҳамасола якҷо бо дигар ниҳодҳои давлатӣ корҳои зиёде ба сомон расонида мешавад.
Асосгузори сулху вахдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муҳимияти масъалаи мазкур чунин қайд намудаанд: “Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо, яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зухури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем”.
Қайд гардид, ки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои пешбурди сиёсати пешгирифтаи Хукумати мамлакат тавассути мукаммалсозии заминай меъёрии хуқуқӣ, бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи хавфҳои коррупсионй, фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳа ва таъминоти кадрии соҳавӣ фаъолиятро идома дода, ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ бахизматрасонии босифат ва саривақтй чорабиниҳои мушаххасро анҷом дода истодааст.
Дар ин замина, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва мақсадноки «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)» бо фармоиши дахлдори сардори Хадамот Нақша – чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Хадамот барои соли 2025» тасдиқ гардида, иҷроиши он таъмин гардида истодааст.









