Санаи 15 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт оид ба ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҷаласа доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Вазири нақлиёт Саидмуродзода Ш., Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Д.Қ., сардори Раёсати нақлиёти руйизаминии Вазорати нақлиёт Саидзода С., муовини якуми директори МД “НА ва ХЛ” – Пиров Ҷ., инчунин роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок доштанд.
Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Д.Қ. меҳмононро муаррифӣ ва хушомадед гуфта, ҷаласаро ифтитоҳ намуд ва иброз дошт, ки кормандони Хадамот бо рўҳу илҳоми тоза аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намудани соли 2025 барои миллату давлатамон таърихӣ саъйу талош меварзанд.
Сипас, муовини якуми сардори Хадамот Раҳимзода М. вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар 9 моҳи соли ҷорӣ гузориш дод.
Қайд карда шуд, ки Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.
Ҳамзамон, дар кори маҷлис роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот перомуни фаъолият ҳисобот доданд.
Баъдан, муовини Вазири нақлиёт Саидмуродзода Ш., вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар 9 моҳи соли ҷорӣ суханрони намуда, натиҷаҳои фаъолияти Хадамотро дар давраи ҳисоботи мусбӣ арзёбӣ намуд.
Дар зимн ба роҳбарият ва кормандони Хадамот ва роҳбарони воҳидҳои сохтории он барои тавсеаи рушди устувори соҳа, таъмини нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи қисми воридоти андоз, омодагӣ ба тирамоҳу зимситони солҳои 2025 – 2026, баррасии фаврии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти онҳо супоришҳо дода шуд.
Дар фарҷом Қурбонзода Д.Қ. қайд намуданд, ки бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҳар яки мову Шумо бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта аҳлона заҳмат кашида, саҳми худро ба хотири ободии диёрамон, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, ободу зебо сохтани маҳали зист, ҳудуди корхонаву коргоҳ ва ташкилоту муассиса, пешгирии вайроншавии бармаҳалли роҳҳои автомобилгард ва ба ин васила бартараф намудани гузариши воситаҳои нақлиёти боркаши гаронвазни аз меъёри муқаррари зиёд ва солро бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст менамоем.









