Санаи 13 октябри соли 2025 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати сардори Хадамот муҳтарам Қурбонзода Далер Қурбон бо иштироки роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот ҷаласаи ҳафтаинаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа фаъолияти воҳидҳои сохторӣ натиҷагирӣ карда шуда, вобаста ба масъалаҳои таҳлили минбаъдаи натиҷаҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон, масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
– назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар;
– бартараф кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷми аз меъёри муқарраршуда зиёд ҷиҳати пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолиятҳои роҳдорӣ» аз 3 августи соли 2015, №1230;
– ба низом даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти ифлос ва бе пардаи ҳимоявӣ ҳаракаткунанда ва ба ин васила ташкили нуқтаҳои шустушӯи воситаҳои нақлиёт дар назди биноҳои сохташаванда мувофиқи талаботи қонунгузории соҳавӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо;
– аз назар гузаронӣ ва зери назорат қарор додани раванди сохтмон, таъмир ва азнавсозии лоиҳаҳои роҳҳои автомобилгард мувофиқи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ;
– гузариш ба раванди пурраи рақамикунонии Хадамот дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар доираи солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2025;
– ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи чораҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»;
– омодагии саривақтӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026.
Дар ин замина, ба муовинони сардори Хадамот, роҳбарони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои дастгоҳи марказӣ, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот дастур ва супоришҳои мушаххас дода шуд, то масъалаҳои зикршударо то ҷамъбасти соли 2025 иҷро ва камбудиҳои мавҷударо бартараф намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.




