Санаи 3 октябри соли 2025 маҷлиси Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Забон – омили ташаккули ҳувияти миллӣ” баргузор гардид.
Дар маҷлис роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, махсусан қайд карда шуд, ки Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё ба ҳисоб рафта, бо ин забон донишмандону бузургони илму адаб осори оламшумул офарида, дар ғановати ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Бо забони тоҷикӣ, ки аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину забонҳои дунё ба ҳисоб меравад, таърихи бостонӣ ва фарҳангу тамаддуни камназири миллате иншо гардидааст, ки ба ҷаҳони аз ҳикмати зиндагӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ сабақҳои мондагору омӯзанда додааст ва ин рисолати хешро то имрӯз идома дода истодааст”.
Боиси таъкид аст, ки даврони истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати дурандешона ва маънавиятбунёди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи эҳтирому гиромидошти воқеии забони давлатӣ, таъмин намудани мақому ҷойгоҳи арзанда ва рушди минбаъдаи он аҳамияти махсус зоҳир гардид. Дар натиҷаи пайваста амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти рушди забон арзишҳои забонӣ ва неруи воқеии он дар ҷомеа вусъати бесобиқа пайдо карда, забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлати тоҷикон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо дод. Дар ҳақиқат, маҳз забони ширину шевои тоҷикӣ дар муддати ҳазорсолаҳо миллати моро сарҷамъу муттаҳид карда, ба даврони босаодати имрӯза расонидааст.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷиҳати дар амал татбиқ намудани яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумат, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Зеро донистану дар амал татбиқ намудани меъёрҳои забони модарӣ нишонаи эҳтиром ба миллат, Модар-Ватан, давлати соҳибихтиёр ва ифтихори милливу ватандорӣ ба ҳисоб меравад.
Дар охири маҷлис бо дарназардошти фикру ақида ва пешниҳоди кормандон, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.