Табрикоти Қурбонзода Далер Қурбон – сардориХадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо мо бо ифтихору сарбаландӣ 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.
Ин рӯзи муборак рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллии мардуми мост, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муборизаи фидокоронаи фарзандони бонангу номуси Ватан ба даст омадааст.
Истиқлолият барои мо на танҳо як санаи таърихӣ, балки оғози марҳилаи нави рушди давлатдорӣ, фарҳанг ва иқтисодиёти миллист.
Дар тӯли 34 сол, Тоҷикистони азизи мо аз як кишвари навмустақил ба давлати пешрафта ва устувор табдил ёфт, ки дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста дорад.
Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва заҳматҳои якдилонаи мардуми мост.
Бояд гуфт, мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар доираи сиёсати давлатӣ барои такмили инфрасохтори нақлиётӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ пайваста талош меварзад.
Дар ин роҳ, мо ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат такя карда, барои амалӣ намудани ҳадафҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” саъю кӯшиш менамоем.
Дар соли 2025, ки соли таърихӣ барои мардуми Тоҷикистон аст, мо шоҳиди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими нақлиётӣ, аз ҷумла роҳҳои замонавӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ гардидем.
Ин лоиҳаҳо на танҳо барои осон кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, балки барои таҳкими равобити иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақа мусоидат мекунанд.
Истиқлолият ба мо имкон дод, ки арзишҳои миллии худро ҳифз намуда, онҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем.
Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ эътироф гардидаанд, ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.
Мо вазифадорем, ки ин рамзҳоро пос дошта, барои ободии Ватан ва пешрафти он саҳм гузорем.
Дар арафаи ин рӯзи муборак, ҳамаи Шуморо бо ҷашни 34 – солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек ва ба Ватани азизамон пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Бо камоли эҳтиром,
Қурбонзода Далер Қурбон –
сардори Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёт