Терроризм ва экстримизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳон ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Эмомалӣ Раҳмон.
Санаи 11 августи соли 2025 дар асоси нақша-чорабиниҳои Хадамот бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандон, маърифати шаҳрнишинии шаҳрвандон, роҳ надодани фарҳангӣ ба миллати мо бегона ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта, бо иштироки намояндагони Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Хадамот маҷлис баргузор гардид.
Дар маҷлис бобати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандон, маърифати шаҳрнишинии шаҳрвандон, роҳ надодани фарҳангӣ ба миллати мо бегона ва пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта маъруза намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ба чунин корҳои зишти ба ҷамъият хавнок даст назананд, чунки ҳар як амали ба ҷамъияту давлат хатарноки инсоният дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад.
Ҳамзамон, доир ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, тақлиди фарҳанги бегона, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдустӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан гуфта гузаштанд.