Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум доир ба ҷамъбасти 6 моҳа баррасӣ шуд.
Санаи 18 июли соли равон оид ба баррасии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум бо иштироки роҳбарияти Хадамот, кормандони дастгоҳи марказӣ, воҳидҳои сохтории он ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои Стратегияи мазкур бо фармоиши сардори Хадамот аз 17.01.2025, №06 Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои соли 2025 тасдиқ гардидааст.
Ҷиҳати муқовимат бо коррупсия дар соҳаҳои Хадамот дар ин давра ҳамдастӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.
Дар ҷаласа натиҷаи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум муҳокима гардида, тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати иҷро ва назорати он чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар фарҷони ҷаласа доир ба тақвияти корхо дар ин самт протоколи дахлдор қабул гардид.