Маҷлиси Раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе санаи 2-юми июли соли 2025 баргузор гардида, дар он натиҷа ва дастовардҳои нимсолаи фаъолияти Раёсат аз ҷониби роҳбарияти Хадамот ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ ва баҳогузорӣ гардид. Қайд карда шуд, ки дар ҳамаи самтҳои фаъолият нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд таъмин карда шуданд ва сатҳу сифати хизматрониҳои соҳа низ дар пойтахти кишвар беҳтар гардидааст. Дар баробари ин камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла ғайриқонуни фаъолият кардани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашу мусофирбар, риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома, пешгирии воридшавии воситаҳои нақлиёт аз гирду атроф ба шаҳри Душанбе, тамбашавӣ дар роҳҳои кӯчаю хиёбонҳо, ифлосшавии роҳҳо ва дигар масъалаҳо муҳокима гардида, ҷиҳати бартарфсозии камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул кард шуд.












