Ҳангоми гузаронидани корҳои нозиротӣ ва рейдҳо, кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар Вилояти Суғд 13.06.2025 ҳолатҳоеро ошкор намуданд, ки воситаҳои нақлиёти боркаш аз карьерҳои коркарди қуму шағал борҳоро аз меъёри муқарраргардида зиёд бор карда ва бе пардаи ҳимоявӣ тавассути роҳҳои автомобилгард интиқол медоданд. Нисбати ронандагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба расмият дароварда шуда бори барзиёдати фароварда шуд.



