ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ВА ТАНЗИМ
ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ

САВОЛНОМАИ ОЗМУН

  • Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?
  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, ба он 3 маротиба тариқи раъйпурсии умумихалқи тағйирот ворид гардидааст:
  • – 26 сентябри соли 1999;
  • – 22 июни соли 2003;
  • – 22 майи соли 2016.
  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб, 100 модда ва муқаррарроти интиқолӣ иборат мебошад.
  • Асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар  кунед?
  • Мутобиқи моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонамебошад.
  • Шакли идораи ҶТ президентӣ мебошад.
  • Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда  ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
  • Чумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноанд.
  • Моддаи 2.
  • Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
  • Моддаи 3
  • Рамзҳои давлатии Тоҷикистон:Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст.
  • Моддаи 4
  • Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст
  • Моддаи 17
  • Ҳама дар назди қонун  ва суд баробаранд. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
  • Мафҳуми давлати дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
  • Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Яъне дин аз давлат ҷудост.
  • Шохаҳои ҳокимияти давлатиро номбар кунед?
  • Мутобиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим мешавад.
  • Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  • Мутобиқи моддаи 73 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.
  • 14 вазорат, 3 кумитаи давлати: кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ
  • Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  • Мувофиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошад. 
  • Ҳадафҳои асосии стратегии Ҷумурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  • Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии  босуръати кишвар.
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом давлатҳо ҳамсарҳад аст?
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон (Кобул), Ҷумҳурии халқии Хитой (Пекин), Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Ташкент) ва Қирғизистон (Бишкек)ҳамсарҳад мебошад.
  • Вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  • ВМКБ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон.
  • Синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ аз чандсолагӣ муайян карда шудааст?
  • Синни ниҳоӣ дар хизмати давлатӣ барои мардон аз 63-солагӣ ва барои занон аз 58 – солагӣ муайян карда шудааст.
  •  Кӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад?
  • Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан дорад.
  • Кӣ шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб меёбад?
  • Шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекунад?
  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунад:
  • Ҳизби халқи демократӣ;
  • Ҳизби коммунистӣ;
  • Ҳизби демократӣ;
  • Ҳизби сотсиалистӣ;
  • Ҳизби сотсиал-демократӣ;
  • Ҳизби аграрӣ;
  • Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ.
  • Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ кадом аст?
  • Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  • Кадом қонунҳо танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон мустақиман қабул мегарданд?
  • Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатӣ” ва “Дар бораи авф” аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қабул карда мешаванд.
  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон киҳо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд?
  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.
  • Рамзҳои Президенти Ҷумурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
  • Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Ливо ва Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошанд.
  • Принсипҳои хизмати давлатиро номбар кунед?
  • Хизмати давлатӣ аз принсипҳои зерин иборат аст:
  • волоияти қонун ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • ягонагии низоми хизмати давлатӣ новобаста аз таҷзияи ҳокимият;
  • садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
  • нигоҳ доштани сирри давлатӣ;
  • шаффофият дар хизмати давлатӣ;
  • ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ ва ғайраҳо.
  • 19. Қаҳрамонҳои Тоҷикистонро номбар кунед?
  • Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур (маълумоти мухтасар дар бораи кахрамонхо).
  • Кадом асари бадеиро хондаед?
  • Ягон порчаи шеърӣ аз ёд гуед.
  • 20. Санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
  • Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент фармон ва амр медиҳад, Ҳукумат қарор ва фармоиш қабул мекунад.
  • 21. Вазифаҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  • Президент, Раиси Ҳукумат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Раиси Шӯрои амният.
  •  
  • 22.Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар намоед?
  • Ҷавоб: Мутобиқи Моддаи 69 Конститутсия салоҳиятҳои Президент аз инҳо иборатанд:
  • 1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;
  • 2.Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
  • 3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад;
  • 4. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;
  • 5. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;
  • 6. Ба қонунҳо имзо мегузорад;
  • 7. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;
  • 8. Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;
  • 9. Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;
  • 10. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ  менамояд.
  • 23. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ?
  • Ҷавоб: Тибқи Моддаи 56 Конститутсия салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ  аз инҳо иборат мебошанд.
  • 1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо (10 майи соли 2016);
  • 2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди  Президент;
  • 3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
  • 4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони  ӯ;
  • 5. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян  кардаанд.
  • 24. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон?
  • Ҷавоб:Тибқи Моддаи 57 Конститутсия салоҳиятҳои Маҷлиси намояндагон аз инҳо иборатанд:
  • 1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  • 2. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  • 4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  • 5. Тасдиқвабекоркарданишартномаҳоибайналмилалӣ;
  • 6. Таъини раъйпурсӣ;
  • 7. Таъсиси судҳо;
  • 8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  • 25. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро шарҳ диҳед?
  • Ҷавоб: Қонуни конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» санаи 14 ноябри соли 2016 № 1356 қабул гардидааст, ки аз 19 модда иборат аст.
  • Қонуни конститутсионии мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад.
  • Қонуни конститутсионии мазкур салоҳият, таъсиси орден ва ҷоизаи Асосогузор, дахлнопазирӣ, таъмини фаъолият ва таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро муайян намудааст.
  • 26. Шарҳи мухтасари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон?
  • Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад.
  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон, озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муққадас шуморида, аз 10 боб ва 100 модда иборат мебошад, ки он асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, мақом ва ваколатҳои Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, суд, прокуратура, тартиби тағйири Конститутсияро муайян менамояд.
  • 27.Ҳуқуқ чист?
  • Мачмуи меъерхои ҳуқуқиест, ки муносибатхои чамъиятиро ба танзим медарорад.
  • 28.Қонун чист?
  • Санади меъёрии ҳуқуқиест, ки мутобики тартиби мукарраршуда аз тарафи макоми қонунгузор кабул мегардад ва муносибатхои мухими чамъиятиро танзим мекунад
  • 29.Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро чи ташкил медихад?
  • Асоси иктисодиёти Тоҷикистонро шаклхои гуногуни моликият ташкил медиханд.
  • 30.Моликияти истисноии давлат кадомхоянд?
  • Замин, сарватхои зеризамини, об, фазои хавои, олами набототу хайвонот ва дигар боигарии табии моликияти истисноии давлат  мебошанд.
  • 31.Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумот диҳед?
  • Бо мақсади амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин ва Бодарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»эълон карда шуд.
  • 32.Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурси, аз синни чанд солаги муайян карда шудааст?
  • Шахрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурси иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни мукаррарнамудаи Конститутсия, қонунхои конститутсиони ва қонунхо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
  • 33.Баланди садди НОБ Роғун чи қадар аст ва дар ин нерӯгоҳ чанд адад агрегат насб карда мешавад?
  • Баландии НОБ Роғун 335 метро ташкил медиҳад ва дар ин нерӯгоҳ 6 адад агрегат насб карда мешавад, ки иқтидори ҳар яки он ба 600 мгв баробар буда дар умум 3600 мгв ташкил медиҳад.
  • 34.Кадом шахсон ҳукуки иштирок карданро дар раъйпурси ва интихобот надоранд?
  • Шахрвандоне, ки аз тарафи суд гайрикобили амал дониста шудаанд ва ё мувофики хукми суд дар чойхои аз озоди махрум шудагон нигох дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурси иштирок кардан надоранд.
  • 35.Аъзои Ҳукумат, судяхо, кормандони макомоти хифзи ҳуқуқ, хизматчиёни харби, оё метавонанд узви Мачлиси милли бошанд?
  • Наметавонанд узви Мачлиси миллӣ бошанд.
  • 36.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз киҳо иборат мебошад?
  • Хукумати ҶТ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитахои давлатӣ иборат аст.
  • Сарвазир Қоҳир Расулзода
  • Муовини якуми Сарвазир: …
  • Муовинони Сарвазир:
  • 37.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи мурочиатхои шахсони вокеи ва ҳуқуқи» кай кабул гардидааст?
  • Қонуни ЧТ „Дар бораи мурочиатхои шахсони вокеи ва ҳуқуқи“ аз 23 июли соли 2016 №1339 кабул гардида, аз 27 модда иборат мебошад.
  • 38.Тақсимоти ҳокимияти давлатиро номбаркунед.
  • А. Ҳокимияти қонунгузор
  • Б. Ҳокимияти ичроия
  • В. Ҳокимияти суди
  • 39.Ҳокимияти қонунгузор дар ҶумҳурииТоҷикистон ин:
  • Б. Маҷлиси Оли
  • 40.Вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҷониби ки ва чи тавр қабул карда мешаванд?
  • Аз ҷониби шаҳрвандони ҶумҳурииТоҷикистон ба тарики овоздиҳии пинҳонӣ
  • 41.Маҷлиси намояндагон аз чанд вакил иборат аст?
  • 63 вакил
  • 42.Муҳлати ваколати вакилони Маҷлиси намояндагон чанд сол аст?
  • А. 5 сол
  • 43.Намудҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ кадомҳоянд?
  • Минтакахои озоди иктисодиро дар чунин намудхо таъсис додан мумкин аст:-саноати (истехсоли махсулоти саноати); – савдо ва тичорати;- хизматрасони;- инноватсиони, илми – тахкикоти ва чорикунанда.
  • 44.Кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тагйирнопазир аст?
  •  Мутобиқи моддаи 100-и КонститутсияҶумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тагйирнопазир мебошад.
  • 45.Қисмҳои асосии компютер:
  • Монитор, процессор, клавиатура, мушак
  • 46. Ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо кадом восита ҳифз мегарданд?
  • Ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунхои чумхури ва санадхои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Точикистон эътироф шудаанд, хифз мегарданд.
  • 47. Дар кадом ҳолатхо ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро маҳдуд кардан мумкин аст?
  • Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи чамъияти, химояи сохти конститутсиони ва тамомияти арзии чумхури раво дониста мешавад. (мод.14 Конститутсия)
  • 48.Баробарии хама дар назди қонун, чи маъно дорад?
  • Хама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба хар кас, катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодихоро кафолат медихад.(мод.17 Конститутсия)
  • 49.Мувофики Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом шахси мансабдор ҳомии Конститутсия ва қонунхо, ҳуқуқу озодихои инсон ва шахрванд, муайян шудааст?
  • Президент хомии Конститутсия ва қонунхо, ҳуқуқу озодихои инсон ва шахрванд, кафили истиклолияти милли, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти макомоти давлати ва хамкории онҳо, риояи карордодхои байналмилалии Точикистон мебошад.(мод.64 Конститутсия)
  • 50. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро кихо доро мебошанд?
  • Аъзои Мачлиси милли, вакили Мачлиси намояндагон. Президенти Чумхурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.(мод. 58 Конститутсия).
  • 51.Воҳидҳои марзиву маъмурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чи гуна муайян карда шудаанд?
  • Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст (мод.7 Конститутсия).
  • 52. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” маълумот диҳед?
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” аз 5 марти соли 2007, №233 қабул гардида фарогири 5 бобу 45 модда мебошад.
  • Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
  • 53.Хизматчии давлатӣ кист?
  • Шаҳрванди ҶТ , ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ  ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ  ишғол намудааст.
  • 54.Хизмати давлатӣ чист?
  • Хизмати давлатӣ фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ  ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ  муқаррар карда шудааст.
  • 55.Аттестатсия чист?
  • Тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда  бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои уҳдадориҳои мансаби, сатҳи дониш,  малака ва тайёрии касбӣ мебошад.
  • 56.Низоми хизмати давлатӣ:
  • Хизмати давлатии шаҳрвандӣ
  • Хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
  • Хизмати давлатии ҳарбӣ
  • 57.Асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ
  • Истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ
  • Расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ
  • Қатъ намудани шаҳрвандии ҶТ
  • Гирифтани нафақаи ЧТ ё дигар давлати хориҷӣ
  • Эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд
  • Риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳо”
  • 58.Ҳуқуқҳои хизматчии давлаӣ
  • Дар доираи ваколатҳои худдар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор иштирок намуда,  иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдор  ва шахсони мансабдор тиалаб намояд.
  • Муайян намудани доираи уҳдадориҳои мансабиашро аз роҳбари худ талаб намояд
  • Ба фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад.
  • Ба тайёркунӣ ва азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос фарот гирифта шавад.
  • 59.Ӯҳдадориҳои  асосии хизматчии давлатӣ
  • Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ ро риоя намояд.
  • Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд.
  • Интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд.
  • Кодекси одоби хизматчии давлатиро риоя намояд
  • Сирри давлатиро нигоҳ дорад
  • Моликияти давлатиро ҳифз намояд
  • Манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло нигоҳ дорад
  • 60.Маҳдудиятҳо дар хизмати давлатӣ
  • Бе иҷозати Президенти ҶТ  унвон, мукофоти давлати хориҷи ва ташкилотҳои байналмилалиро гирифтан
  • Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ  аз хизматрасонии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ истифода бурдан
  • Дар дигар амалҳо аз ҷумла корпартоиҳо иштирок намудан
  • Ба соҳибкорӣ машғул шудан
  • Дар бонкҳои хориҷи суратҳисоб кушода, маблағ нигоҳ доштан
  • 61.Суруди миллӣ (аз ёд)
  • 62. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» маълумот диҳед.
  • Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Точикистон» 5 октябри соли 2009, №553 кабул гардида, аз 7 боб ва 28 моддаи иборат аст. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
  • Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.
  • Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим  намекунад.
  • 63.Маълумот дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ
  • Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бо Фармони Президенти ҶТ №591 аз 3 декабри соли 2015 қабул шудааст. Аз 5 боб ва 51 банд иборат мебошад. Маҷмуи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳо рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатиро танзим менамояд.
  • 64. Соли 2025 кадом чорабиниҳои сиёсӣ баргузор гардид
  •  2 марти соли 2025 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
  • 65. Солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди Саноат эълон карда шудааст.
  • Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
  • Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон  (аз ёд)
  • 66. Қироат намудани порчаи шеърӣ
  • 67. Мутолиаи  китоби бадеӣ
  • 68. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ