Санаи 29 апрели соли 2025 дар назди Сардори Хадамот бо иштироки воҳидҳои сохтории Хадамот маҷлиси назоратӣ баргузор гардид. Сардори Хадамот натиҷаи корҳои баанҷомрасонидаи воҳидҳои сохториро дар ҳамаи самтҳои фаъолият ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба ҳар як воҳиди сохторӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. КВД “Маркази сетификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт муваззаф гардид, ки хонавагонҳои нуқтаҳои баркаширо аз нав бо дизайни якхела ташкил намуда, бо компютер ва принтер, хати алоқаи баландсуръат, камераҳои назоратӣ ва тарозуҳои муосири замонавӣ таъмин намояд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо экспертон оиди дуруст ва бехато корбарӣ намудан бо тарозуҳои баркашӣ машғулиятҳои амалӣ ташкил ва гузаронида шавад. Нисбати ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.


