Санаи 17 апрели соли 2025 фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар семоҳаи якуми соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.
Дастовардҳо ва камбудию норасоиҳои фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар семоҳаи якуми соли 2025 ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани нишондиҳандаҳо ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Корхона вазифадор карда шуд, ки барои ба таври электронӣ назорат намудани гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн таҷҳизотҳои муосири баркашии электронӣ (динамикӣ) дастрас ва дар нуқтаҳои баркашӣ васлу насб намоянд. Ҳамчунин масъалагузорӣ карда шуд, ки оиди беҳтар намудани шароити корӣ дар нуқтаҳои баркашӣ чораҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шавад.













