Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишу қарорҳои Вазорати нақлиёт ва нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри назорат ва танзими комплекси нақлиётӣ корҳои муайянеро ба сомон расонидааст.
Мувофиқи таҳлилҳои Хадамот айни замон дар самти хизматрасониҳои комплекси нақлиётӣ 211–адад корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, 2093-адад нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, 41-адад терминали мусофирбарӣ, 6-адад терминали боркашонӣ, 67-адад қароргоҳҳои автомобилӣ, 259-адад корхонаҳои соҳаи роҳдорӣ ва 107-адад корхонаҳои роҳи оҳан ба қайд гирифта шудаанд, ки фаъолияти онҳо бо иҷозатнома фаро гирифта шуда, риояи шарту талаботи иҷозатнома зери назорат қарор дорад.
Хадамот дар давоми семоҳаи якуми соли 2025 бо риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, хоҷагии роҳҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ дар маҷмӯъ 391-адад иҷозатнома дода шуда, нигоҳдории эътибори 258-адад иҷозатнома аз нав ба қайд гирифта шуда ва дар маҷмуъ аз ҳисоби иҷозатномаҳои додашуда 213 ҳазору 765 сомонӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст.
















