8 апрели соли 2026 дар толори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҷаласаи ҷамъбастӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот ва воҳидҳои сохтории он дар се моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа нақшаи вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ низ муайян карда шуд.
Ҷаласа таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим доир гардида, дар кори он Шоиста Саидмуродзода – Муовини вазири нақлиёт (сарпарасти соҳа), Қурбонзода Далер Қурбон – сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Саидҷаъфар Саидзода – Сардори Раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёт, Суҳроб Ёқубзода – Директори КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Ҷаҳонгир Пиров – Муовини аввали директори МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иштирок намуданд.
Қурбонзода Далер Қурбон – сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт “Оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва воҳидҳои сохтории он дар 3 моҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2026” гузориш дод.
Дар раванди баррасии гузоришҳо, Вазири нақлиёт ва дигар масъулин диққати асосиро ба самтҳои зерини фаъолият, тақвият бахшидани мубориза бар зидди ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн бо мақсади пешгирии харобшавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард, назорати қатъии риояи қонунгузорӣ дар фаъолияти нақлиёти мусофирбар ва суръат бахшидан ба раванди гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ, гузариши пурраи соҳа ба низоми электронӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар банақшагирӣ ва назорат.
Ҳамзамон, таъкид бар масъалаҳои забономӯзӣ ва касбомӯзии кормандон, риояи фарҳанги либоспӯшӣ ва одоби муошират, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи кормандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ карда шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, фаъолияти Хадамотро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Масъулини воҳидҳои сохторӣ вазифадор шуданд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва расидан ба нишондиҳандаҳои назаррас дар нимсолаи аввали сол тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.












