Санаи 18 марти соли 2026 дар дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши ботантана ва чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо вориди рамзии Маликаи Наврӯз ва Бобои Деҳқон оғоз ёфта, иштирокчиёнро бо фасли навшавӣ ва эҳёи табиат шодбош гуфтанд. Дар доираи ҷашнвора намоишгоҳи дастовардҳои наврӯзӣ доир шуд, ки дар он дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеи вазорат, аз ҷумла Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, хони ҳафтсин ва ҳафтшин, ҳунарҳои мардумӣ ва ғизоҳои миллиро ба маъраз гузоштанд.
Ҳайати комиссияи таъсисдодашуда ба сатҳи омодагӣ, ороиши намоишгоҳ ва риояи анъанаҳои миллӣ аз ҷониби воҳидҳои сохторӣ баҳои муносиб дод.
Бо мақсади эҳёи суннатҳои ниёгон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, миёни кормандон мусобиқаҳои Байтбарак ва Шоҳномахонӣ, Вазнбардорӣ ва Бандкашӣ, ва озмуни «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуданд.
Кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ин сабқатҳо маҳорати баланд нишон дода, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд:
- ҷойи якум — дар мусобиқаи вазнбардорӣ;
- ҷойи сеюм — дар мусобиқаи бандкашӣ;
- дар сабқати байтбарак ҳайати Хадамот бо ҳариф холҳои мусовӣ ба даст оварданд.
Чорабинӣ бо барномаи рангини консертии аҳли санъат, ки фарогири рақсу сурудҳои идона буд, ба анҷом расид.













