Бонувони азиз ва модарони меҳрубон!
Ҳамкорони арҷманд!
Ҳамаи Шумо — занону бонувони соҳа ва дар симои Шумо тамоми модарони тоҷикро бо фарорасии иди зебои баҳорӣ – Рӯзи модар, сидқан табрику таҳният мегӯям.
Модар азизтарин мавҷуди рӯи замин, тимсоли муҳаббати бепоён ва чароғи фурӯзони хонадони ҳар як инсон аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:
«Модар сарчашмаи ҳаёт, нигаҳдорандаи зиндагӣ ва пайвандгари наслҳо мебошад».
Дар низоми нақлиёти кишвар нақши занон ва бонувони мутахассис хеле назаррас аст. Имрӯз бонувони мо дар баробари мардон дар самтҳои гуногуни комплекси нақлиётӣ — аз хизматрасонӣ ва назорат то идоракунии равандҳои мураккаби соҳавӣ — садоқатмандона фаъолият карда истодаанд. Шумо бо дастони нозук, вале иродаи қавӣ ва масъулияти баланд дар пешрафти иқтисодиёти кишвар, бехатарии ҳаракат ва ободии Ватан саҳми арзанда мегузоред.
Мо бо занони мутахассиси соҳаамон, ки масъулияти корро бо меҳри модарӣ ва одоби ҳамида тавъам месозанд, ифтихор мекунем. Маҳз заҳмати Шумост, ки дар соҳаи мо тартибу низом ва нигоҳи эҷодкорона ҳамеша ҳукмфармост.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама, саломатии бардавом, умри бобаракат, хушбахтии оилавӣ ва осоиштагиро таманно дорам. Бигзор дар хонадони ҳар як зан-модари тоҷик ҳамеша хандаи кӯдакон ва файзу баракат ҳузур дошта бошад. Дар фаъолияти пурмасъулияти касбиатон зафарҳои нав ба нав, дар кишвари азизамон сулҳу суботи ҷовидониро хоҳонам.
Бигзор баҳори сабз ба зиндагии Шумо таровату шодмонӣ ва бахти сафед оварад.
Идатон муборак, модарони азиз ва бонувони арҷманд!
