Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мақоми назорати давлатӣ дар комплекси нақлиётӣ буда, назорати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, барқӣ, роҳи оҳан, саноатӣ ва хоҷагии роҳҳо ба анҷом расонида, фаъолияти онҳоро ба танзим медарорад.
Қобили зикр аст, ки масъалаи ҳифзи роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал ва танзими фаъолияти истифодабарандагони онҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамот мебошад. Маҳз тавассути назорати қатъии риояи қоидаҳои истифодабарӣ, мо метавонем устуворӣ ва бехатарии роҳҳоро барои муддати тӯлонӣ кафолат диҳем.
Бояд таъкид намуд, ки ҳифзи роҳҳои автомобилгард аз фарсудашавии пеш аз муҳлат ва танзими қатъии фаъолияти истифодабарандагон дар меҳвари фаъолияти Хадамот қарор дорад. Ин иқдом дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, на танҳо барои нигоҳдории сифати инфрасохтори роҳ, балки барои самаранокии иқтисодии соҳа ва коҳиш додани хароҷоти таъмирӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Хадамот кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои муосири назоратӣ ва риояи меъёрҳои вазну андоза, ҳолати техникии роҳҳоро дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дорад.
Зеро роҳҳо на танҳо воситаи ҳаракат, балки сармояи гаронбаҳое мебошанд, ки нигоҳдории онҳо масъулияти ҷиддиро талаб мекунад.
Қайд бояд намуд, ки сабаби асосии вайроншавии роҳҳои автомобилгард ва пайдоиши чокҳо (колея) ин ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши вазнашон аз меъёри муқарраршуда зиёд мебошад ва барои нигоҳдорию дароз намудани умри роҳҳо таъмини назорати вазну андозаҳои воситаҳои нақлиёти боркаш ва аз ҷониби шаҳрвандон риоя намудани қонунгузорӣ ҳатмӣ мебошад.
Чун ки, ҳифзи роҳҳо на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд буда, риоя накардани меъёри вазн ва андозаи бор боиси хароҷоти калони буҷетӣ ва хатар ба ҷони одамон мегардад.
Дар иртибот ба ин, мутобиқи қисмҳои 1 ва 2-и моддаи 82 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2020, №1689 борфиристонанда уҳдадор аст, ки борро барои интиқол тавре омода намояд, ки бехатарии ҳамлу нақл ва амнияти бор таъмин карда шавад, инчунин расонидани зарар ба роҳҳои автомобилгард ва воситаи нақлиёт пешгирӣ карда шуда, боркунӣ ба воситаи нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби борфиристонанда бо риояи меъёрҳои ҳаҷм ва вазн, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 №779 “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраршуда зиёданд” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунон, тибқи бандҳои 9, 10 ва 11 моддаи мазкур борфиристонанда, боргиранда ва соҳиби бор уҳдадор аст вазни борро дар ҳузури интиқолдиҳанда муайян кунад ва дар борхати молию нақлиётӣ оид ба вазни бор бо нишон додани усулҳои муайян намудани он аз ҷониби борфиристонанда амалӣ намояд, инчунин бори донабайъ барои ҳамлу нақл бо нишон додани вазни бор ва миқдори ҷойҳои бор дар борхати молию нақлиётӣ қабул карда шавад.
Ҳамзамон, тибқи қисми 2 моддаи 83-и Кодекси мазкур интиқолдиҳанда аз рӯи шартномаи ҳамлу нақли бор уҳдадор аст, назорати ҷойгирнамоӣ ва маҳкам кардани бор бо мақсади риояи меъёрҳои муқарраргардидаи борбардории воситаи нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳамлу нақл, эмин нигоҳ доштани бор, роҳҳои автомобилгард ва молу мулки шахсони сеюмро таъмин намояд.
Бо мақсади таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон борфиристонанда, боргиранда ва соҳиби бор вазифадоранд, ки бо риояи муқаррароти қонунгузорӣ интиқоли борҳои вазнин ва калонҳаҷмро амалӣ намуда, ба роҳҳои автомобигард зарар нарасонанд.
Вобаста ба ин, аз ҳамаи борфиристонандагон (интиқолдиҳандагон), боргирандагон ва соҳибони бор хоҳиш ва талаб карда мешавад, ки фаъолияти худро дар асоси муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд.
Риояи меъёрҳои муқарраршуда ҳангоми интиқоли борҳои вазнин ва калонҳаҷм таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, ҳангоми ошкор гардидани қонуншиканиҳо, мутобиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад. Дар ҳолатҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ такроран содир гардидани чунин кирдор ё ошкор шудани вайронкуниҳои ҷиддӣ, ки боиси харобшавии роҳҳо мегардад, маводҳо барои баррасии минбаъда ва андешидани чораҳои ҳуқуқии иловагӣ ба мақомоти прокуратура ва дигар сохторҳои қудратӣ фиристода мешаванд.
Бо эҳтиром,
роҳбарияти Хадамот
