Тибқи банди 3 Нақшаи баргузории соатҳои сиёсӣ дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои соли 2026 бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинии сиёсиву иҷтимоии ҷавонон, таҳкими ғояҳои ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, бо иштироки роҳбарият ва аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” соати сиёсӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ – сипари давлату миллат» ба муносибати 33 – солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳамзамон қайд гардид, ки ҳифзи истиқлолият, амният ва суботи давлат яке аз муқаддастарин арзишҳои ҳар миллат ба шумор меравад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар нақши бузург доранд. Таҷлили 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ нишонаи эҳтироми амиқи мардум нисбат ба муҳофизони Ватан ва рамзи ифтихори миллӣ мебошад.
Ин санаи таърихӣ барои ҳар шаҳрванди худогоҳ аҳамияти хос дорад, зеро он баёнгари роҳе аст, ки Артиши миллӣ дар муддати солҳои соҳибистиқлолӣ тай намудааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби бузурги мардонагӣ, матонату шуҷоат ва кафолати зиндагии орому осудаи халқ таҳти роҳбарии Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ – Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтори муташаккилу муҷаҳҳаз табдил ёфтааст, ки дар ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он нақши бузургу созанда дорад.
Артиши миллии мо маҳсули даврони Истиқлоли давлатӣ ва яке аз сутунҳои асосии давлатдории миллии мо ба шумор меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат ва ҳимоятгари сулҳу суботи кишвар аст.»
Маҳз ба шарофати шабзиндадориҳои ҳимоятгарони Ватан, имрӯз мо дар фазои орому осоишта кору фаъолият мекунем ва соҳаи нақлиёти кишвар низ дар роҳи рушди устувор қарор дорад.
Дар охир бо камоли ифтихор ва эҳтироми бепоён ҳамаи афсарону сарбозони шуҷои Ватан ва дар симои рнҳо кулли мардуми шарифи кишвар ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда шуданд.
