Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир яке аз самтҳои авлавиятноки соҳаи маорифи кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро ҷараёни ҷаҳонишавй таъсири амиқи худро дар ин самт гузошта, марҳила ба марҳила аз шаҳрвандони кишвар донистани забони хориҷиро тақозо менамояд.
Зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мадди назари давлату ҳукумат буда, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии ҷавонон дастуру супоришҳои мушахас медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрӣ ва мулоқоту суҳбатҳои хеш донистани забонҳои хориҷиро ҳатмӣ ва зарур шуморида, бар он таъкид менамоянд, ки омузиши забонҳои хориҷиро дар миқёси кишвар боз ҳам дучанд намоянд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон [16.12.2025] махсус зикр гардид, ки таълими забонҳои хориҷӣ бояд ба ташаккули қобилияти муоширати озод ва самаранок равона карда шавад.
Дар робита ба ин, бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 №795 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷй” ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русй ва англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ аз ҷониби роҳбарияти Хадамот тадбирҳои зарӯрӣ андешида шудааст. Аз ҷумла, фармоиши Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз 29 марти соли 2024, №33 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Хадамот ва воҳидҳои сохтории он” ба тасвиб расида, таҳти назоратбарии сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон қарор дорад.
Дар асоси талаботи фармоиши мазкур ва дастуру роҳнамоиҳои сардори Хадамот дар дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, дарсҳои забони хориҷӣ бо ҷалби омӯзгорони ботаҷрибаи фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, ҳайати шахсӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи забондонӣ дар машғулиятҳо иштирок мекунанд.


