Кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо мақсади муайян намудани вазни воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаш дар нуқтаи баркашӣ воқеъ дар ноҳияи Муъминобод мавзеъи “Тебалай” аз тарозуи динамикии замонавии муосир истифода намуда, ки ин усули кор аз ҳисоби сарфаи вақт ва дақиқии нишондоди баркашӣ бартарияти зиёд дорад. Нуқтаи баркашии мазкур бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамзамон андозаҳои воситаи нақлиёт ба таври автоматикӣ ҳангоми гузаштан муайян карда мешавад. Тасмим гирифта шудааст,кимарҳила ба марҳила дигар нуқтаҳои баркашиӣ бо чунин таҷҳизотҳо таъмин карда шаванд.






