Фаъолияти Ташкило
Санаи 3-юми феврали равон дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷлиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти Раёсати раиси Ташкилот Қурбонзода Д.Қ. ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода З.И. баргузор гардид, ки дар кори он узви ташкилот ва фаъолон иштирок намуданд.
Дар маҷлис шаш масъала баррасӣ карда шуд.
1.Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025;
2.Ҳисоботи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Назорати нақлиёт»-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои соли 2026;
3.Тасдиқи Нақшаи чорабинии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Назорати нақлиёт»-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои соли 2026;
4. Тасдиқи Нақшаи баргузории соатҳои сиёсӣ дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои соли 2026;
5. Тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои соли 2026;
6. Масъалаҳои ҷорӣ. Сараввал аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Қурбонзода Д.Қ. баромад намуда, аз ҷумла зимни баромади худ зикр намуданд, ки ки Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва стратегӣ мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, санаи 16-уми декабри соли 2025 дар бинои Парлумони кишвар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба таври мустақим ироа гардид. Тамоми шаҳрвандони кишвар бахусус кормандони Хадамот бо як самимияти хоса ва дилгармии беандоза дастаҷамъона Паёмро шуниданд ва эҳсос карданд, ки он бевосита роҳнамо ва барномаи инкишофу пешравии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра пазируфта шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуда буданд: «Азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад». Ин иқдоми Сарвари давлат рамзи густариши корҳои бунёдкорию ободонӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мебошад.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи нақлиёт ҳамчун “шарёни асосии иқтисодиёт” арзёбӣ гардид. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо бояд ба як маркази муҳимми транзитии минтақавӣ табдил ёбем.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома муовини раиси ташкилот Шомаҳмадзода Д.Ш. оид ба фаъолияти Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Назорати нақлиёт” давоми соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баромад намуда, аз ҷумла зимни баромади худ зикр намуданд, ки Соли 2025 барои роҳбарияту аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Назорати нақлиёт» фаъолияташро дар асосҳои ҳадафҳои барномавии ҳизб ба роҳ монда, барои расидан ба зиндагии арзанда ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии ҷомеа корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Дар ин сол мардуми кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот бо сипарӣ намудани зиндагии орому осуда ва баҳри ободиву созандагии Ватан саҳми муносибу мондагор гузоштанд.
аз рӯи масъалаи болозикр Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода З.И. ба музокира баромада, ҳисобот ва фаъолияти ташкилотро мусбӣ арзёбӣ намуда, ёдовар шуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як нерӯи пурқуввати сиёсӣ табдил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ҷомеаро муттаҳид карда, ба миллати тоҷик ояндаи дурахшонро эҳдо намуд.
Аз ҷумла қайд намуданд, ки нақши ин ҳизби созанда, дар амалӣ намудани барномаҳои афзалиятноку стратегии давлат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум ва беҳдошти рӯзгори сокинони мамлакат хеле назаррас мебошад.
Баъдан қайд шуд, ки ҳизби мо барои таъмини пешрафти устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад, пайваста саъю талош мекунад.
Дар идома, масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис ба муҳокима гузошта шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар фароварди маҷлис раиси Ташкилот Қурбонзода Д.Қ. иброз доштанд, ки ҳар як аъзои ҳизбро зарур аст, ки кору фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ба роҳ монда, нерӯи худро барои ояндаи дурахшони кишвари маҳбуб равона намоянд ва содиқонаву софдилона меҳнати пурсамару созанда дошта бошанд.
Илова бар ин, даъват карда шуд, ки роҳбарият ва аъзоёни ташкилот дар соли 2026 корҳои дохилиҳизбиро дар ташкилоти ибтидоӣ боз ҳам ҷоннок намуда, ҷиҳати ҷалби босифати аъзои ҳизб, назорати ҳаракати аъзои ҳизб, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва саривақтиро роҳандозӣ намоянд.
