Ҳамдиёрони азиз, ҳамкасбон ва ҳамкорони гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба Шумо саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва хеле хуб аст, ки чанд соли охир он дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ таҷлил мешавад.
Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун, шукӯҳи бостонии он ба таври рӯзафзун боло меравад. Мақсади асосии ниёиш раҳоӣ аз сардиҳои шадиди зимистон, расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб ҷиҳати кишту кор буд. Ҳамчунин, дар рӯзи таҷлили ҷашни Сада ҳунармандону ширинкорон, дорбозон, аспакбозҳо, паҳлавонон ва онҳое, ки аз ҳунаре бархурдор буданд, ҳунарнамоӣ мекарданд.
Ҷашни Сада ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки он манбаи кумаки кишоварзон гардида, ҷиҳати инкишофи боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмуъ ободкорӣ, мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, ҷашни Сада аз зумраи унсурҳои фарҳанги ғании аҷдоди мо ба шумор меравад, ки хусусияти иҷтимоӣ – иқтисодӣ дошта, ҳамчунин инсонро ба ҳамгироӣ ва меҳнату талош даъват менамояд. Чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ойину томулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр кардан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват мекунанд».
Маҳз ҳамин хусусиятҳои ба ҷомеа созгори суннатҳои фарҳанги тоҷикон аст, ки новобаста аз равандҳои пуртазоди таърихӣ онҳо аксаран то имрӯз боқӣ мондаанд. Ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани чунин унсурҳои фарҳанги ғановатманди миллат моро зарур аст, ки ҳамеша онҳоро ҳифз намоем ва дар пайи боз ҳам устувор намудани мақоми иҷтимоии онҳо бошем.
Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантана ва шукӯҳи тамом, истиқбол мегардид. Ва бузургони илму адаби мо, чун Фирдавсиву Анварӣ, Манучеҳриву Фаррухӣ ва дигарон дар васфи ин ҷашни миллӣ осори пурарзиш эҷод кардаанд.
Тавре ки, Пешвои миллат таъкид менамоянд:”-ҳар як фарди Ватан – аз хурд то бузург – бояд аз таърихи пайдоиш, ташаккулёбӣ ва сайри таърихии ҷашну ойинҳои ниёгони худ бохабар бошад, онҳоро омузад ва барои густариш додану ғанӣ гардонидани онҳо талош намояд”.
Бори дигар Шуморо ба фарорасии ҷашни Сада самимона табрик гуфта, бароятон дар корҳои ободонӣ ва оғози мавсими нави фаъолият, барору комёбӣ орзу намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо тинҷиву амонӣ, бахту саодат ва рӯзгори шоистаро таманно дорам.
Ҷашни Сада муборак!
