Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт огоҳ менамояд, ки рӯзҳои 21 то 23-юми январ дар кишвар вазъияти номусоиди обу ҳаво пешбинӣ мешавад. Боришоти барфи хеле сахт, борон ва тумани ғафс дар назар аст, ки боиси маҳдуд шудани дидор (видимость) дар роҳҳо мегардад.
Аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад:
Аз сафарҳои дур ва баромадан ба роҳҳои байнишаҳрӣ худдорӣ намоед.
Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард хеле эҳтиёткор бошед ва фосилаи бехатариро риоя кунед.
Агар зарурати ҷиддӣ набошад, аз нақлиёти шахсӣ истифода набаред.
Эҳтиёт бошед, роҳҳо лағжонак ва хатарноканд!
