Санаи 6 январи соли 2026 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер Қурбон ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Саидмуродзода Ш., муовини Вазири нақлиёт – сарпарасти соҳа, Саидзода С. – сардори Раёсати нақлиёти руйизаминии Вазорат, муовини аввали Директори МД “НА ва ХЛ” Пиров Ҷ.Т., роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Хадамот Қурбонзода Д.Қ. ифтитоҳ намуда, оид ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамот, дастовардҳо дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026 суханронӣ намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳо вобаста ба иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фармоишу супоришҳои Вазири нақлиёт муҳтарам Азим Иброҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид карда шуд, ки пешрафти фаъолияти Хадамот маҳсули заҳмати дастаҷамъонаи тамоми кормандон мебошад.
Бо назардошти натиҷаҳои баррасии масъалаҳои матраҳгардида, Қурбонзода Д.Қ. ба роҳбарон ва шахсони масъули сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтӣ, пурра ва босифати вазифаҳои хизматӣ, тақвияти назорати интизоми иҷроия, инчунин андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба фаъолияти минбаъда супоришҳои мушаххас доданд.
Дар идома Саидмуродзода Ш., муовини Вазири нақлиёт – сарпарасти соҳа роҷеъ ба натиҷаҳои асосии фаъолият, муваффақиятҳои бадастомада ва нақшаҳои минбаъдаи Хадамот суханронӣ намуда, натиҷаҳоро назаррас ва фаъолияти Хадамотро дар давраи ҳисоботӣ мусбӣ арзёбӣ намуд.
Дар фарҷоми ҷаласа маросими қадрдонӣ баргузор гардид. Як қатор кормандон барои саҳми арзанда дар рушди фаъолият, фаъолияти пурсамар ва назорати риояи қонунгузорӣ, ба ин васила танзими комплекси нақлиётӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт” ва “Ифтихорнома” қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, тибқи низомномаи Озмуни “Раёсати беҳтарини сол” ба як қатор раёсатҳои Хадамот барои натиҷаҳои мусбӣ ва иҷрои саривақтии нақшаҳои тасдиқшуда Дипломҳои “Беҳтарин раёсат дар соли 2025” тақдим карда шуд.









