Хайру эҳсонкорӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ба шумор меравад. Ҳадафи асосӣ аз ин иқдомҳо беҳтар намудани вазъи зиндагии аҳолии камбизоат ва ба ниёзҳои онҳо расонидани кӯмакҳои зарурӣ мебошад.
Бо мақсади иҷрои амалҳои хайру эҳсонкорӣ дар радифи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, роҳбарияти Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар арафаи Соли нави мелодии 2026, ба тарбиятгирандагони Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд, ки ин рамзи меҳрубонӣ ва дастгирӣ нисбати табақаҳои ниёзманди аҳолӣ зоҳир мегардад.
Ин иқдомҳо, ки бо нияту орзуҳои нек анҷом дода мешаванд, дар бунёди як ҷомеаи меҳрубон ва дастгир нақши муҳим мебозанд.
Дар навбати худ, тарбиятгирандагон аз ин иқдоми роҳбарияти Хадамот истиқбол намуда, баҳри фароҳам овардани чунин шароити мусоид ба Роҳбарияти олии мамлакат, хосатан ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.














