Санаи 17 декабри соли 2025 ҷиҳати шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таҳти раёсати Қурбонзода Д.Қ. бо иштироки муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа Саидмуродзода Шоиста, роҳбарияти воҳидҳои сохтории далхдори Вазорати нақлиёт ва роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис махсус қайд карда шуд, ки дар баробари фарогири тамоми самту соҳаҳои ҳаёти моро фарогир будани Паёми Пешвои миллат, инчунин дурнамои мушаххас баҳри беҳтару хубтар сохтани фаъолиятамон мебошад ва дар он нуктаҳое дарҷ гардидааст, ки ба мо илҳоми тоза ва неруи бештар баҳри созандагию бунёдкорӣ мебахшад ва барои беш аз пеш заҳмату талош варзидан водорамон мекунад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки барои самаранокии фаъолияти худ дастурҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллатро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ватани азизамон сармашқи кори худ қарор дода, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем.
Ин Паём илҳомбахш аст ва моро ба корҳои бунёдӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини назорат ва танзими комплекси нақлиётӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифати нақлиётӣ ва мубориза бо мушкилот ҳидоят мекунад.
Дар фарҷоми маҷлис миёни ҳозирин атрофи Паёми Сарвари давлат табодули афкор сурат гирифт.








