Санаи 16 декабри соли 2025 дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт тамошои дастҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
Дар тамошои пахши мустақими, Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот фаъолона ширкат намуданд.
Таъкид гардид, ки кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дастурҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллатро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ватани азизамон сармашқи кори худ қарор дода, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош менамоянд.









