Имрузҳо кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дигар кормандони мақомоти дахлдори пойтахт ҷиҳати пешгирии назорат ва танзими воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ва пешгири намудани тамбашави дар роҳҳои автомобилгарди ш. Душанбе тадбирҳои мушаххас андешида, миёни ронандагону пиёдагародон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Ҳамчунин нисбати ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбарӣ таксиву микроавтобусҳои ҷаъмиятӣ ва дигар нақлиётҳои ба ҳудуди пойтахт воридшаванда, ки қоидавайронкунӣ намуда боиси тамбашавии роҳҳо ва сар задани садамаҳои нақлиётӣ мегардан тибқи моддаҳои дахлдор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Инчунин кормандони Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе нисбати ронандагони мусофирбари таксии пойтахт, ки бо сару либоси ғайрирасмии корӣ ва бо риши дамида хизматрасонӣ мекарданд, ки ин бар хилофи шарту талаботҳои иҷозатномадиҳӣ буда, тибқи моддаи 511/1 КҲМ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

















