Ҳамватанон ва ҳамкасбони гиромӣ!
Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ҳамчун рӯйдоди ниҳоят муҳим ва арзишманд маънидод мешавад. Ин ҷашнвораи муқаддас на танҳо рамзи соҳибдавлатӣ ва истиқлолияти миллатро таҷассум мекунад, балки ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардум дар роҳи пешрафт ва ободонии Ватан хидмат менамояд.
Ба ин муносибати фархунда, Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона табрик гуфта, таманноҳои беҳтарини хешро иброз медорам. Орзу дорам, ки Парчами давлатии мо – ин рамзи муқаддаси давлатдории миллӣ – дар фазои сулҳу амонӣ ва суботи пойдори Ватани азизамон ҳамеша парафшон бошад ва мардуми кишварро ба сӯи ояндаи дурахшон, комёбиҳо ва музаффариятҳои нав ба нав раҳнамоӣ намояд.
Боиси таъкид ва ифтихор аст, ки раванди давлатсозии муосир ва қабули Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори миллӣ маҳз аз Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии кишвар, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардида, дар роҳи таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ қадамҳои аввалин гузошта шуданд, қабул гардид”.
Дар тӯли ин муддат, таҳти парафшонии Парчами давлатӣ дар Ватани маҳбуби мо даҳҳо иншооти бузурги истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла роҳҳои муосири мошингузар, пулҳо, нақбҳо ва дигар лоиҳаҳои муҳимми иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки дар таҳкими иқтидори давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум нақши калидӣ гузоштанд.
Гузашта аз ин, бо мақсади тақвияти эҳсоси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, дар солҳои охир сохтмони иншоотҳои нақлиётӣ ва роҳсозӣ ба ҳукми анъанаи устувор даромадааст. Ин тадбирҳо на танҳо ба пешрафти иқтисодӣ мусоидат мекунанд, балки ҳисси эҳтиром, муҳаббат ва садоқатро нисбат ба рамзҳои муқаддаси миллӣ дар қалби ҳар шаҳрванд тақвият мебахшанд.
Ба ин маънӣ, Парчами давлатӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидкунанда ва инъикосгари арзишҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, ғояҳои миллӣ ва ҳадафҳои умумимиллӣ шинохта мешавад. Аз ин рӯ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мо, бахусус ҷавонони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти миллат аст, ки ба ин рамзи истиқлолу озодӣ, худогоҳию худшиносӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамеша арҷ гузорем ва онро ҳифз намоем. Зеро, чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ эҳсоси меҳанпарастиро дар қалби ҳар як фарди ҷомеа бедор месозад ва миллатро ба сӯйи фардои ободу озод ва пешрафти устувор раҳнамоӣ мекунад.
Таманноҳои нек дорам, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол аз рӯзи қабули он 33 сол сипарӣ мегардад, дар фазои орому осуда ва суботи пойдори кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол – то абад парафшон бошад ва ҳамеша ҳамчун манбаи илҳому ифтихори миллӣ хидмат намояд!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бо эҳтиром,
Сардори
Хадамоти давлатии назорат
ва танзим дар соҳаи нақлиёт
Қурбонзода Далер Қурбон
