Дар толори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 33 – солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Президенти кишвар дар таҳкими комплекси нақлиётӣ” баргузор гардид. Дар семинар оид ба ҳифзи давлатдории миллӣ, хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи истиқлолу озодӣ, эҳёи давлатдории навин ва сарҷамии миллат, афзалияти шакли идораи Президентӣ ба таври муфассал шарҳу маънидод карда шуд. Иштирокчиён ҳамчунин ба нақши ҳалкунандаи Пешвои миллат дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ки ҳамчун омили муҳими иқтисодӣ ва ҳамгироии минтақавӣ хидмат мекунад, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.
Семинари мазкур бо иштироки роҳбарияту кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот доир карда шуд. Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони вазоратҳои марбута, коршиносони соҳа ва кормандони идораҳои нақлиётӣ ширкат варзиданд, ки ин имкон дод ҳамаҷониба масъалаҳои марбут ба рушди комплекси нақлиётӣ баррасӣ гарданд.
Дар семинар аз ҷониби роҳбарияти Хадамот бо суханони табрикотӣ, зикр гардид, ки албатта, сабаби маҳз ба ҳамин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак асоси воқеӣ дорад. Зеро аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ба вазифа шурӯъ кардани Раиси Шӯрои Олӣ баргузор гардид ва мақсад аз «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудани ин сана дар он буд, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ оғоз ёфт ва Президенти интихобгардида – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифа шурӯъ намуданд. Ин рӯз ҳамчун рамзи ваҳдату субот ва оғози давраи нав дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол шинохта шудааст, ки дар он Пешвои миллат барои ҳифзи истиқлол ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар талошҳои фаровон варзидаанд.
Дар воқеъ дар таърихи давлатдории тоҷикон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои таърихию барҷаста ва номбардоре пазируфта мешаванд, ки дар вазъу марҳалаҳои барои Тоҷикистони тозаистиқлол басо мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакатамонро возеҳ муайян намуданд ва дар болоравии обрӯю мақоми давлати тоҷикон нақши абадӣ гузоштанд. Дар семинар таъкид гардид, ки маҳз бо роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзада ба давлати пешрафта ва ҳамчун ҳалқаи муҳими ҳамгироии минтақавӣ табдил ёфт.
Хусусан, дар самти таҳкими комплекси нақлиётӣ, ки ҳамчун яке аз рукнҳои асосии иқтисоди миллӣ маънидод мегардад, дастовардҳои назаррас ба даст омадаанд. Аз ҷумла, дар тӯли солҳои ҳукмронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо километр роҳҳои муосир, пулҳо ва туннелҳо бунёд гардиданд, ки робитаҳои дохилӣ ва байналмилалиро тақвият бахшиданд. Масалан, кушода шудани туннели “Анзоб”, ки минтақаҳои шимол ва ҷануби кишварро мепайвандад, ва бунёди роҳҳои байналмилалӣ ба самти Чин (гузаргоҳи Қулма), Афғонистон ва Қирғизистон аз ҳисоби ташаббусҳои ҳикматмандонаи Пешвои миллат аст.
Бо Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ сарфароз гардонидани Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин «Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ» далели гуфтаҳои боло ва нишонаи арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад. Дар семинар ҳамчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти кишвар дар самти рушди ҳамкориҳои нақлиётӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар созмонҳо таваҷҷӯҳ зоҳир шуд. Аз ҷумла, дар соли 2025 Пешвои миллат дар ҳамоишҳои байналмилалӣ ба рушди робитаҳои транзитӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват намуданд, ки ин ба табдили Тоҷикистон ба ҳаб транзитӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, ҳамкорӣ бо Чин дар бунёди лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ, аз қабили роҳҳои оҳан ва автомобилӣ, ва кушода шудани марзҳо бо кишварҳои ҳамсоя дар соли 2023-2024 аз дастовардҳои муҳим дар ин самт маҳсуб мешаванд.
Дар идомаи семинар иштирокчиён оид ба раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт, ки бо ташаббуси Президенти кишвар оғоз шудааст, сухан ронданд. Аз ҷумла, ифтитоҳи Маркази минтақавии рақамикунонии нақлиёт дар соли 2024 ва ҷорӣ намудани системаҳои рақамӣ барои назорати ҳаракати нақлиётӣ ва хидматрасонии инноватсионӣ аз ҳисоби сиёсати ҳикматмандонаи Пешвои миллат аст, ки самараи он дар беҳтар шудани сифати хидматҳо ва коҳиши хароҷотҳо зоҳир мегардад.
Дар фароварди семинар роҳбарияти Хадамот бори дигар иштирокдорон ва дар симои эшон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки ҳамаи дастовардҳои соҳаи нақлиётӣ маҳз аз баракати сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат маншаъ мегиранд ва кормандони Хадамот вазифадоранд, ки дар амалӣ гардидани ин сиёсатҳо саҳми арзанда гузоранд.
