Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо иштироки роҳбарияту кормандони Хадамот ва воҳидҳои сохтории он дар мавзуи «Татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», баррасии Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.10.2025, №-1-4/427 “Оид ба рафъи камбудиҳои ошкоргардида ва сабабу шароитҳои барои ба миён омадани онҳо мусоидаткунанда” ва шарҳи мазмуни Протоколи ҷаласаи умумии кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.11.2025 “Оид ба баррасии Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиш баргузор шуд.
Муовини якуми сардори Хадамот Раҳимзода М.У. изҳор намуд, ки ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар мамлакат, ба монанди муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухарониҳояшон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намудаанд, ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал даст зада, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Дар фароварди маҷлис иштирокдорон доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта ибрози назар намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар самти решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф набошем.
Таъкид шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати кормандон дар масоили муқовимат бо коррупсия ва бартараф намудани он бояд дар тамоми корхонаҳои тобеи вазорат машғулиятҳои амалии ҳуқуқӣ ташкил ва гузаронида шавад.
