Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим санаи 3 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияту кормандон дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, махсусан роҳбарият ва кормандони Раёсати назорат ва танзими ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”-и Хадамот ҷиҳати шарҳу тавсири тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” маҷлис баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои нав ба нақша гирифташуда, тартиби нави пешниҳоди дархостҳо, масъалаҳои санҷиш ва равандҳои иҷозатдиҳӣ муҳокима шуданд. Ин чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони мақомоти давлатӣ дар ин самт сурат гирифт.
Мавзуи асосии маҷлис ин шарҳу тафсирии тағйиру иловаҳо ба Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” дар самти ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт буд.
Инчунин, дар маҷлис масъалаҳои марбут ба пардохти иҷозатдиҳӣ ва баррасии аризаҳо барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ин нишон медиҳад, ки давлат бо тағйир додани қонунгузории низоми иҷозатдиҳӣ, барои беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва танзими фаъолиятҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дорад.
