Тибқи супориши дар ҷаласаи назоратии ҳафтаинаи назди Сардори Хадамот додашуда, гузариши воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва калонҳаҷм дар ҳамаи роҳҳои автомобилгард ҳамарӯза зери назорат гирифта шуда, қоидавайронкуниҳо бетаъхир ошкор ва нисбати содиршавии онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Ҳафтаи равон аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамот дар минтақаи Рашт оиди пешгирии ҳаракати автомашинаҳои гаронвазн рейдҳо гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳо ошкор ва чораҷуӣ шуданд. Борҳои аз меъёр зиёди воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои махсус фароварда шуда ва ё тариқи дигар воситаи нақлиёт интиқол дода шуданд. Қобили зикр аст, ки чунин амалиётҳо мунтазам дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ анҷом дода мешаванд.



