Дар ин раванд, дастовардҳои асосӣ таҳлил гардида, камбудиҳо бартараф карда мешаванд, то ки нақшаҳои оянда барои рушди устувор тарҳрезӣ шаванд.
Ин ҷамъбаст имкон медиҳад, ки самтҳои афзалиятнок муайян гардад ва ҳадафҳои нав гузошта шаванд.
Вобаста ба ин, санаи 28 октябри соли равон таҳти раёсати Сардори Хадамот муҳтарам Қурбонзода Д.Қ. ҷаласаи ҳафтаинаи Хадамот баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳалталаб, аз ҷумла ба танзимдарории фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва пешгирии ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгард, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳо, пурзӯр намудани назорат дар нуқтаҳои баркашӣ ва дақиқ баркашидани таҷҳизотҳои вазнченкунӣ, назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ, корбари бо барномаи рақамӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, назорати дурусти сертификатҳои додашуда аз ҷониби КВД “МСКХСН”, ситонидани ҷаримаҳои басташудаи протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва тартиб додани санади муқоисавӣ бо вазорати молия, воридшавии маблағҳо ба буҷет баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта ва бартарафсозии камбудиҳо, инчунин дигар масъалаҳои мубрам ба воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудаанд.








