Муҳтарам Далер Қурбонзода!
Бо хушнудӣ ва ифтихори бепоён муваффақияти навбатии Шуморо – сазовор гардиданатон бо медали “Барои саҳмгузорӣ”, ки бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2025 таҳти №117 мукофотонида шудааст, самимона табрик менамоем.
Ин мукофот на танҳо эътирофи дастовардҳои барҷастаи Шумо дар пешбурди ислоҳоти соҳаи нақлиёт, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, баланд бардоштани самаранокии комплекси нақлиётӣ ва рушди инфрасохтори он, балки далели садоқати беназири Шумо ба Ватан, масъулияти баланди касбӣ ва фидокории Шумо дар хизмати халқу миллат мебошад.
Дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва техникӣ, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шумо бо саъю кӯшиши пайваста, роҳбарии хирадмандона ва дастаҷамъона тавонистед ба рушди устувори соҳаи нақлиёт саҳми арзишманд гузоред. Фаъолияти Шумо на танҳо барои кормандони соҳа, балки барои ҳар як шаҳрванди кишвар намунаи олии хизмат ба Ватан ва садоқат ба касб аст.
Умедворем, ки ин мукофот барои Шумо илҳомбахши нав барои фатҳи қуллаҳои тоза дар роҳи хизмат ба мардуми Тоҷикистон хоҳад буд. Мо итминон дорем, ки дар оянда низ бо ҳамкории наздик ва талошҳои муштарак Шумо ба расидан ба ҳадафҳои миллии рушди соҳаи нақлиёт ва иқтисоди кишвар ноил мегардед.
Бори дигар Шуморо бо ин рӯйдоди муҳим ва сазовор табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пур аз саодат ва муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамоем!
Бо эҳтиром ва арзи сипос,
Ҳайати кормандони Хадамот
