Муҳтарам роҳсозони ва ҳамватанони азиз!
Ба муносибати Рӯзи роҳсозон, ки яке аз ҷашнҳои муҳими касбӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, Шуморо самимона табрик мегӯям! Ин рӯз рамзи заҳмати беназир, фидокорӣ ва саҳми бузурги Шумо дар ободии Ватани маҳбубамон аст.
Роҳсозон бо меҳнати софдилонаи худ дар рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар нақши калидӣ доранд. Маҳз ба шарофати заҳматҳои Шумо роҳҳои муосир, пулҳо ва нақбҳо бунёд мешаванд, ки на танҳо шаҳру деҳоти моро ба ҳам мепайванданд, балки барои пешрафти иқтисодиёт, фарҳанг ва ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Роҳҳо шоҳрагҳои ҳаёти ҷомеаанд, ки ободӣ ва пешрафти кишварро таъмин мекунанд.”
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар якҷоягӣ бо Шумо, роҳсозони арҷманд, ҷиҳати таъмини роҳҳо аз вайроншавии бармаҳал, сифат ва рушди устувори инфрасохтори нақлиётӣ, инчунин ба давлати транзитӣ дар минтақа табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти иқтидорҳои транзитии он чун яке аз марҳилаҳои муҳими ҳадафҳои рушди мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст, ҷиҳати амалӣ шудани ин ҳадафи стратегии мамлакат талош меварзад.
Дар ин рӯзи муборак ба ҳамаи Шумо саломатӣ, хушбахтӣ, комёбиҳои беназир дар фаъолият ва саодати оилавӣ орзу менамоям.
Бигзор заҳматҳои Шумо ҳамеша қадр гардида, барои пешрафти Тоҷикистони азиз хидмати арзанда намояд!