Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Ҳисор ҷиҳати ба тартибу низоми муайян даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари таксӣ дар минтақаи Ҳисор назоратро дучанд пурзӯр намуда, нисбати ронандагоне, ки ғайриқонунӣ мусофирбари менамуданд ва ё шарту талаботи иҷозатномаро дағалона вайрон кардаанд ва ҳамчунин дигар намуди қоидавайронкуниҳои гуногунро вобаста ба ҳаракат дар роҳ содир намуданд, маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барасмият даровардашуда, ҷаримабандӣ гардиданд.





