Имрӯз дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба 34 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа роҳбарияту кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот, инчунин меҳмонон Ҳабибзода Зоир Иззат – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Сангинзода Дониёр Шомаҳмад – муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор иштирок намуданд.
Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Қурбонзода Далер Қурбон – сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳусни оғоз бахшида, сараввал ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо ва наздиконашон рӯзгори хушу хонаи обод, сарсабзӣ ва фаъолияти ободкориву созандагӣ ба хотири рушду таҳкими минбаъдаи ватани азизамон таманно намуд.
Раисикунанда зикр кард, ки Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон дар сарнавишти давлату миллат ва ҳар фарди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст саҳифаи навро бозкушоӣ карда, моро пеш аз ҳама ба таъриху фарҳанги нодири халқамаон ва фарзандони барӯманди миллатамон шинос ва дар қалби ҳар яки мо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёнро ба ин кишвари биҳиштосо ва мардуми сарбаланду тамаддунофар ҷой намуд.
Воқеият он аст, ки тантанаи адолати таърихию иҷтимоиро бе саҳми намоён, назаррас ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саргаҳи ин Истиклолият қарор дорад, тасаввур кардан мумкин нест.
Ҳамзамон қайд гардид, ки амиқ дарк кардани аҳамияти таърихию сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоии Истиқлолияти давлатӣ, мазмуну мундариҷаи истиқлолиятхоҳӣ, ҳувияти миллӣ, ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳу худшинос будан ва дар ҳамин руҳия тарбия намудани элитаи сиёсии миллӣ ва халқи Тоҷикистон ба он боис гардид, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин вақт ба рушди бомарому бонизоми давлат ва соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардид.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки вазифа ва масъулияти таърихии ҳар фарди худшиносу худогоҳ – ин ҳифзи дастовардҳои Истиклолияти давлатӣ ва афзун намудани онҳо мебошад. Муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат ба хотири ғояи «Тоҷикистон– ватани ободу зебои мо» асос ва заминаи пешрафти минбаъдаи давлату давлатдории мо мебошад.
Инчунин дар чорабинӣ, меҳмонон Ҳабибзода Зоир Иззат – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Сангинзода Дониёр Шомаҳмад – муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушду пешрафти ҷумҳурӣ дар 34 соли мустақилияти Тоҷикистон, талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таваҷҷуҳи хоссаашон ба бахши роҳу нақлиёт, мактабу маориф, бунёди иншооти тиббӣ, рушди фарҳангу маънавиёт, нишондиҳандаҳои самти кор бо занон ва оила, рӯзгори ҷавонон, музаффарияти варзишгарони мамлакат ва дигар паҳлуҳои соҳаҳои иҷтимоӣ суханронӣ намуданд.
Дар фароварди ҷаласа аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо-Истиқлолияти давлатӣ бирасанд, ҳар як ваҷаб хоки ин сарзаминро азизу муқаддас ва онро ҳифз намоянд, фирефтаи гуррӯҳои ифротӣ нашаванд ва дар татбиқи сиёсати давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Сипас, чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ ҷамъбаст гардид.







