Ҳамватанони азиз, устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони гиромӣ!
Ба муносибати Рӯзи дониш, ки яке аз ҷашнҳои муҳими маънавии мост, шуморо самимона табрик мегӯям!
Ин рӯз рамзи маърифату илм, пешрафту созандагӣ ва ояндаи дурахшони миллати мост.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таъкид намуданд “дониш калиди пешрафт ва ояндаи дурахшони давлату миллат аст.”
Илму дониш асоси рушди ҷомеа ва пешрафти ҳар як фард аст. Маҳз тавассути дониш мо метавонем роҳҳои навро кашф намоем, мушкилотро ҳал кунем ва ба қуллаҳои баланди комёбӣ расем. Дар ин рӯзи муборак, мо ба омӯзгорон, ки чароғи маърифатро фурӯзон нигоҳ медоранд, изҳори сипосу эҳтиром менамоем ва ба донишҷӯёну хонандагон барои талошҳояшон дар роҳи омӯзиш комёбиҳо орзу мекунем.
Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт низ дар фаъолияти худ ба аҳамияти донишу малака такя мекунад. Мо кӯшиш менамоем, ки бо истифода аз донишҳои муосир ва технологияҳои навин хизматрасонии босифатро дар соҳаи нақлиёт таъмин намоем, то барои мардуми кишвар шароити мусоид фароҳам оварем.
Бигзор Рӯзи дониш барои ҳамаи мо оғози марҳилаи нави омӯзишу пешрафт бошад!
Ба ҳамаи Шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақият дар роҳи донишандӯзӣ орзу менамоям!