Сардори Хадамот натиҷаи нишондиҳандаҳои фаъолияти Раёсатро дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, дар самти таъмини иҷрои талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2006, №779 дар бораи «Қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёрҳои муқарраргардида зиёданд» ва аз 08.11.2011, №569 «Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум» қатъӣ вазифагузорӣ намуд, ки ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн назоратродучанд пурзӯр намуда, ҳаракати ғайриқонунии онҳо дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум пурра аз байн бурда шавад.
Таъкид гардид, ки кормандоне, ки ба гузариши ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн мусоидат менамоянд ва чораҳои дахлдор намеандешанд, то ҳадди аз вазифаи ишғолнамудашон озод намудан чораандешӣ карда мешаванд.
Шуьбаи иҷозатномадиҳии Раёсат вобаста ба баланд бардоштани фарогирии иҷозатномакунони дар миқёси вилояти Суғд супоришҳои мушаххас гирифта, тавсия дода шуд, ки якҷо бо шуъбаву бахшҳои вобастагардида корбарӣ намуда, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб диҳанд ва ҳаррӯза маълумотҳои кориашонро натиҷагирӣ ва пешниҳод намоянд.
Дар рафти кори ҷаласа аз тарафи Сардори Хадамот нисбати роҳбарият ва масъулини Раёсати Муассисаи давлати нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикии вилояти Суғд оиди пӯшидани сару либоси ҳамшабеҳи Хадамот, дар алоҳида корбарӣ намудани агент -экспедиторон ва ба даст гирифтани ишорачӯб, инчунин бе мувофиқа ва ҷадвалҳои тасдиқгардида фаъолият намудан эродҳо гирифта шуда, қатъи талаб карда шуд, ки дар фаъолияти минбаъда ба чунин камбудиҳо роҳ дода нашавад.