Санаи 11 августи соли ҷорӣ ҷаласаи назоратии назди Сардори Хадамот баргузор гардид.
Дар ҷаласаи баргузоргардида масъалаҳои муҳим ва мубрами марбут ба фаъолияти Хадамот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, аз ҷумла, танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазну калонҳаҷм ва нақлиёти мусофирбар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки зарурати таҳияи чораҳои дақиқ барои ҳимояи роҳҳои автомобилгард аз вайроншавии бармаҳал ва таъмини хизматрасонии босифат мебошад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки барои таъмини хизматрасонии босифат, риояи қонунҳо, назорат дар нуқтаҳои назоратию баркашӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ бояд пурзӯр карда шавад, зеро иқдоми мазкур ба коҳиши қонуншиканиҳо ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ нигаронида шудааст.
Дар баробари ин, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла барномаҳои рақамӣ, барои сабт, идора ва назорати фаъолияти нақлиётӣ муҳим мебошад, чунки ин барномаҳо барои шаффофият ва осон кардани равандҳои корӣ мусоидат мекунанд.
Масъалаи сари вақт ситонидани маблағи ҷаримаҳои марбут ба протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид карда шуд, ки зарурати такмили низоми ҷамъоварии ҷаримаҳо тариқи ғайринақдӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо равона шудааст.
Махсусан ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбият ва одоби муоширати кормандони Хадамот эътибори махсус дода шуд, ки рафтори намунавӣ ва муносибати эҳтиромона бо шаҳрвандон бояд дар мадди аввал бошад.
Бо мақсади пешгирии ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазну калонҳаҷм, махсусан дар вақти шабона ва риояи маҳдудиятҳои мавсимӣ, назорат бояд дучанд пурзӯр карда шавад.
Нисбат ба корхонаҳои истеҳсолкунанда, ки талаботи муқарраршударо риоя намекунанд, чораҳои қатъии маъмурӣ андешида шаванд.
Барои таъмини иҷрои ин дастурҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории Хадамот вазифадор карда шуданд, ки чорабиниҳои мушаххасро амалӣ намоянд ва дар бораи натиҷаҳо гузориш диҳанд.
Дар рафти ҷаласа, инчунин масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти ҷории Хадамот муҳокима гардиданд, ки масъалаҳои мазкур ба беҳтар намудани хизматрасониҳо, баланд бардоштани самаранокии кор ва таъмини риояи қонунҳо нигаронида мешаванд.
Бо дарназардошти муҳокимаҳои анҷомшуда, қарорҳои мушаххас қабул карда шуданд, ки ба иҷрои дастурҳои додашуда, такмили низоми назорат, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва баланд бардоштани касбияти кормандон равона мегарданд.








