Муҳтарам кормандон ва ҳамкасбони азиз!
Шуморо ба муносибати Рӯзи касбӣ – “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола ҳамчун иди касбӣ таҷлил мегардад, самимона табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, сарбаландӣ ва саодати ҷовидонӣ орзу менамоям.
Асоси таърихии таҷлили ҷашни мазкур қарори махсуси Комиссариати халқии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба ташкили сохторҳои нақлиёти автомобилӣ аз 25 июли соли 1939 мебошад, ки ҳамасола 25-уми июл ҳамчун “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ яке аз воситаҳои асосии ҳамлу нақл ба ҳисоб рафта, ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаро бидуни нақлиёт тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Мавриди зикр аст, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат муайян шуда, бо талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи нақлиёт дар даврони соҳибистиқлолии кишвар хеле рушд ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, борҳо ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи рушди соҳа супоришҳо дода буданд. Дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин зикр намуданд:
«Мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ дар шароити куҳсори Тоҷикистон, ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ, ба хусус нақлиёти автомобилӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Пайваста инкишоф ёфтани соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққиёти ҳамаи бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат карда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин менамояд».
Дар ин раванд, бо саъю талош ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо километр роҳу пулҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ бунёд гардида, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт ва ба як кишвари воҳид табдил ёфт.
Боиси қайд аст, ки бо мақсади ба низом даровардани ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбари ҷамъиятӣ аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт фаъолияти шабонарузӣ ба роҳ монда шуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаем.
Бинобар ин, бо боварии комил гуфта метавонам, ки кормандони комплекси нақлиётии кишвар ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва софдилона ба халқу кишвар хизмат намуда, барои бо натиҷаҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошта сарбаландона баромада, бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ дар ободонию пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи босазо мегузоранд.
Ҳамкорони гиромӣ!
Шумо бо меҳнати софдилона ва масъулиятшиносии худ дар таъмини фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда доред.
Бигзор кору фаъолияти Шумо ҳамеша бо муваффақият, саломатӣ ва хушбахтӣ ҳамроҳ бошад!
Барои хизматҳои беназиратон дар ин соҳаи муҳим изҳори миннатдорӣ намуда, ба Шумо ва хонаводаҳоятон тани сиҳат, комёбӣ ва рӯзгори обод таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак!