Ба муносибати “Рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ”, санаи 25 – уми июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, таҳти Қурбонзода Далер Қурбон – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт чорабинии тантанавӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Хадамот баргузор гардид.
Қурбонзода Далер Қурбон – Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамаи кормандон ва дар симои онҳо тамоми нақлиётчиёнро табрик намуда, зикр кард, ки Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ яке аз воситаҳои асосии ҳамлу нақл ба ҳисоб рафта, ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаро бидуни нақлиёт тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Мавриди зикр аст, ки раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат муайян шуда, бо талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи нақлиёт дар даврони соҳибистиқлолии кишвар хеле рушд ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиётӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, борҳо ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаи рушди соҳа супоришҳо дода буданд. Дар яке аз Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чунин зикр намуданд:
«Мавқеъ ва рушди маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ дар шароити куҳсори Тоҷикистон, ташаккули инфрасохтори нақлиётӣ, ба хусус нақлиёти автомобилӣ яке аз шартҳои асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад. Пайваста инкишоф ёфтани соҳаи нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққиёти ҳамаи бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат карда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин менамояд».
Дар ин раванд, бо саъю талош ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳазорҳо километр роҳу пулҳо ва инфрасохтори нақлиётӣ бунёд гардида, Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт ва ба як кишвари воҳид табдил ёфт.
Дар рафти маҷлис ба якқатор кормандон нишони сарисинагии “Аълочии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт”, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
















