Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз 8 июл то 30 сентябр муваққатан қатъ карда мешавад.
Ин тадбир бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонии иншооти «Таъмири асосии кӯчаҳои протоколӣ аз VIP-зали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе то кӯчаи Карамов» амалӣ мегардад.
Вобаста ба ин тадбир самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбар, ки дар кӯчаи А.Дониш (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ), кӯчаи С.Айнӣ (аз кӯчаи А.Дониш то хиёбони Рӯдакӣ) ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи С.Айнӣ то кӯчаи Карамов) мегузаранд, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян шуда, дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар муваққатан тағйироти дахлдор ворид мегардад.
Дар асоси ин қарор Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.